Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2024 дар Тоҷикистон нархи истифодаи барқ барои ҳама категорияи истеъмонкунандагон 16 дарсад афзоиш меёбад.
Яъне аз оғози соли нав истеъмолкунандагони маишӣ, яъне аҳолӣ барои ҳар киловатт - соат барқ ба ҷои 26,51 дирам (2,4 сент) 30,75 дирам (2,8 сент) пардохт хоҳанд кард.
То соли 2016 нархи барқ танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъд аз он ҳар сол боло бурда мешуданд. Истисно солҳои 2020 ва 2021 буд, ки ҳукумат бинобар оқибатҳои пандемияи COVID-19 аз ин боло бурдани нархи барқ худдорӣ кард.
Ҳар замоне, ки нархи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад, раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” баҳона пеш меорад, ки нархи пешинаи барқ хароҷоти истеҳсоли онро ҷуброн намепӯшонад.
Иддао пеш оварда мешуд, ки гӯё арзонтарин нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ маҳз дар Тоҷикистон фурӯхта мешавад.
Аммо арқоми расмӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин иддао дуруст нест: танҳо дар Қазоқистон қимати барқ бештар аз Тоҷикистон аст. Дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон арзонтар аз Тоҷикистон буда, оид ба Туркманистон маълумоти эътимодбахш нест.
Ин ҳам дар ҳоле, ки дар Қазоқистону Ӯзбекистону Туркманистон 80-90 дарсади нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ истеҳмол шуда, дар Тоҷикистон 93 дарсади нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад. Арзиши барқе, ки дар неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешаванд, ба гуфтаи мутахассисон, назар ба барқи дар нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ бамаротиб арзонтар аст.
Ҳамчунин, ҳангоми қабули қарор оид ба боло бурдани нархи барқ ҳукумат бояд қобилияти пардохтпазирии аҳолиро низ ба назар гирад: маоши миёна дар Тоҷикистон пасттарин дар минтақа мебошад.
Болоравии нархи барқ бешубҳа боиси боло рафтани нархи маводи истеъмолӣ, бахусус молҳое, ки ба сабади истеъмолии маъмулӣ дохил мешаванд, мегардад.
Футболбозони тоҷик ба Суперлигаи Ӯзбекистон мераванд: теъдоди онҳо бисёр мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Бунёни ошиқ”
Муҳоҷиронро соли 2025 дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2025
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста