Тирамоҳ дар Тоҷикистон боришот набуд, зимистон ҳам нест. Ин ба ҳосил чӣ гуна таъсир мерасонад? Бар асари гармии ғайримуқаррарӣ табиат дар мо бедор шудааст. Набудани барф кишоварзонро ба ташвиш овардааст.

Баҳор моҳи январ омад

Фермерон мегӯянд, сармоҳои эҳтимолӣ пас аз гармии ғайримуқаррарӣ метавонад ба он дарахтони мевадиҳандае, ки аллакай шукуфтаанд ё навдаҳои ҷавон баровардаанд зарари ҷуброннопазир расонанд.

Дар ҷануби ҷумҳурӣ бодом шукуфт
Сурат: Asia-Plus

Дар ин рӯзҳо дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон бо сабаби обуҳавои гарм дар зимистон бойчечак, гули садбарг ва бодом шукуфта, муғчаҳои навдаи гелос ва зардолу варам мекунанд.

Дар заминҳои корам ва боғҳо ҳашароти зараррасон мушоҳида мешавад, онҳо ба хӯрдани барги зироатҳои тирамоҳӣ шуруъ кардаанд, дар пояи растанихо низ ҳашароти зараррасон ба назар расида, шабпаракҳо ва гамбускҳо бедор шудаанд.

Дар байни ҳашароти зараррасон гамбӯсаки пӯстхӯр метавонад махсусан хатарнок бошад. Аз сабаби гарми зимистон ин ҳашарот нобуд нашудаанд.

Инчунин афзоиши назарраси дигар ҳашароти зараррасон, хояндаҳо, микроорганизмҳои зараррасони зироатҳои кишоварзӣ (шакли хок, септория, пӯсиши реша ва ғайра) мушоҳида мешавад.

Дар соҳилҳои  наҳр (канал)-у ҷӯйборҳо пеш аз муҳлат нашъунамои навдаҳои зичи пудинаю зуф ба назар мерасанд. Ба ибораи дигар, он чизе, ки бояд дар моҳи март рух медод, аллакай дар моҳи январ сурат гирифт.

Бойчечак хеле барвақт пайдо шуд
Сурат: Asia-Plus

Қулфинай ва юнучқаи «ғайримуқаррарӣ»

Бар асари ба таври ғайримуқаррарӣ гарм шудани ҳаво дар бархе аз манотиқи ҷануби Тоҷикистон, қулфинай (клубника) дар майдонҳои кушод пухта расид.

Деҳқон аз Турсунзода Бахтиёр Ҳаитбоев чидан ва ба бозор бурдани ин қулфинайро тавсия намедиҳад, зеро он бемазза ва ба организм зарар ҳам дорад: аз гармии ҳаво ҳашароти зараррасон дар онҳо боқӣ мемонад.

Ҳосили ғайриинтизори қулфинай
Сурат: Asia-Plus

“Қулфинай аз гармхонаҳоро истеъмол кардан мумкин аст, зеро он дар хоки аз ҳашарот муҳофизашуда нашъунамо ёфтааст”, - мегӯяд фермер.

Яке аз деҳқонон ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки юнучқаи киштзораш ба дарав тайёр шудааст.

Сурат: Asia-Plus

Дар токзорҳо, ки соли гузашта аз сармо зарар дида буданд, имсол токҳо бо қабати плёнка пӯшонида шуданд. Ҳавои гарм ба барвақт бедор шудани онҳо боис мегардад ва агар дар моҳҳои февралу март сардиҳо оянд, имсол соҳибони боғ ҳосили худро аз даст дода метавонанд.

Айни замон боғдорон барои муҳофизати ниҳолҳои худ бо яхобмонӣ тадбир андешида истодаанд. Аммо на дар ҳама киштзору боғҳо об ҳаст. Заминҳои лалмӣ комилан ба нозукиҳои табиат вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол, Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор медиҳад, ки ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва доманакӯҳҳо 1 дараҷа болотар аз меъёр дар назар аст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзӣ дар шароити тағйири иқлим барои омӯхтани вазъ ва маслиҳатҳои амалӣ ба кишоварзон олимон ва мутахассисони соҳаро ба минтақаҳо фиристоданд.

Табиат аз назорат берун аст

Ҳавои гарм имкон дод, ки бактерияҳо ва дигар ҳашароти зараррасон зиёд шаванд, ба ҷои он, ки дар ҳавои сард нобуд мегардиданд.

Имрӯзҳо боғдорону сабзавоткорон заминҳоро бо доруҳои гуногун коркард мекунанд, барои мубориза зидди бемориҳои гуногуни замбурӯғӣ ва бактерияҳо ба растаниҳо маҳлул мепошанд ва дигар тадбирҳои зарурӣ рӯйи даст мегиранд.

Дар яке аз заминҳои наздиҳавлигӣ хардал (горчица) гул кард
Сурат: Asia-Plus

Бо назардошти нархи баланди воситаҳои муҳофизатӣ ва сифати пасти онҳо, хароҷоти кишоварзон аллакай хеле зиёд шудааст.

«Шароити обуҳаво яке аз омилҳои идоранашавандаи кишоварзӣ мебошад. Масалан, зимистони бебарфу гарм, тағйирёбии ҳарорат дар як мавсим, боришоти нобаробар, хушксолии тобистон ва дигар омилҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим раванди парвариши зироатҳои кишоварзиро душвор мегардонад, - мегӯяд кишоварз-агроном Ҳаитбоев.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.