Дар вилояти Суғд  миёни ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истиқлол роҳи оҳан бунёд мешавад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бунёди роҳи оҳан миёни ин шаҳру ноҳияҳо зимни мулоқоти раиси вилоят  Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва гурӯҳи мутахассисони чинӣ бо роҳбарии президенти Институти илмиву муҳандисӣ ва таҳқиқотии шаҳри Пекин Чэн Хэ баррасӣ гардидааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дарозии умумии роҳи оҳан миёни шаҳрҳои Истаравшану Истиқлол бо ноҳияи Спитамен 171 км буда, дар назар аст, пас аз омӯзишу таҳлил бунёди он оғоз гардад.

Аммо дақиқи нест, ки натиҷаи омӯзишу таҳлил барои бунёди роҳи оҳан кай ниҳоӣ ва бунёди он кай оғоз мешавад.

Акс аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Бояд гуфт, ки Чин яке аз сармоягузорони бузург ба иқтисодиёти Тоҷикистон буда, чанде пештар бо маблағи ин кишвар ду бинои муҳими давлатӣ – Парлумон ва Ҳукумат бунёд гардид ва бо иштироки роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин, роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ. Ки пайвандгари маркази Тоҷикистон бо шимол аст, низ бо маблағгузории Чин бунёд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.