Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома додааст. Дар ин бора маркази матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Нисинбаев Даурен Ертаевич, иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон“ мулоқот карда, ба ӯ дастуру тавсияҳо додааст.

“Дар маросими супоридани иҷозатнома ҷиҳати васеъ намудани шабакаи фаъолияти бонк, ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарзҳо, кушодани воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, зиёд намудани хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои рақамӣ дастуру тавсияҳо дода шуд”, - омадааст дар хабар.

Дар навбати худ, Нисинбаев Д.Е. изҳор намудааст, ки ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” барои мавқеи муносиб пайдо намудан дар бозори хидматрасониҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо ва дастуру тавсияҳои додашуда истифода мебарад.

ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” бонки фаръии “Фридом Бонк Қазоқистон” мебошад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, то 1 декабри соли 2023, “Фридом Бонк Қазоқистон”  аз рӯи дороиҳо дар бозори миёнаравии молиявии Қазоқистон мақоми 8-умро ишғол мекард.

Қаблан, моҳи августи соли ҷорӣ, узви Шӯрои директорони ҶСК “Фридом Бонк Қазоқистон” ба “Азия-Плюс” гуфта буд, дар назар аст, ки дар бонки мазкур дар Тоҷикистон як маркази IT-хаб таъсис дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2006 "Коммерсбонки Қазоқистон" дар Тоҷикистон бонки фаръии худро бо номи “Коммерсбонки Тоҷикистон” боз кард. Моҳи майи соли 2019 ин бонк тағйири ном кард ва ҳамчун бонки фаръӣ ба “Халиқ Бонки Тоҷикистон” табдил ёфт.

Аммо моҳи ноябри соли 2022 ин бонк саҳмияҳои худро ба Бонки байналмилалии Тоҷикистон фурӯхт ва моҳи сентябри соли 2023 тибқи тавофуқоти пешакии ҷонибҳо ребрендинг гузаронида шуд ва “Халиқ Бонки Тоҷикистон” номи нав – “Активбанк”-ро гирифт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон айни замон дар кишвар 14 бонки анъанавӣ ва 1 бонки исломӣ фаъолият дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.