Охирҳои моҳи майи соли равон дар Душанбе намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия боз шуд. Мақомот гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, қабл аз сафар ба Русия дар ин намояндагӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Русия гузаранд.

Ин марказ чӣ гуна фаъолият мекунад? Нархи хидматрасонии он чӣ қадар аст? Дар чанд рӯз ва чӣ гуна шумо метавонед фаҳмед, ки иҷозаи вуруд ба Русияро доред ё не?  

Барои пайдо кардани ҷавоби ин саволҳо хабарнигори “Азия-Плюс” ба намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД Русия дар Душанбе рафт ва аз санҷишҳои он гузашт.

 

“Я даҳа  иҷа бтакон”

Намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД Русия дар Душанбе, дар кӯчаи Айнӣ 121 (бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон) ҷойгир аст.

Ҳарчанд қаблан Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “бо гузашти се рӯз муҳоҷир аз Тоҷикистон истода посух мегирад, ки ӯ барои рафтан ба Русия иҷозат дорад ё не”, аммо вақте хабарнигори “Азия-Плюс” ба он ҷо рафт, маълум шуд, ки барои гирифтани ҷавоби санҷишҳо бояд беш аз ду ҳафта интизор шуд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 12-уми июл ба маркази шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД Русия дар Душанбе рафт. Барои гузаштан аз санҷиш танҳо шиносномаи хориҷӣ лозим аст.

Қабл аз вуруд ба марказ тақрибан 5-6 хоҳишманди сафар ба Русия дар назди ҷавони тахминан 25-солае, ки онҳоро бояд ба қайд мегирифт, навбат истода буданд. Ҳамин тавр, номнависӣ барои гузаштан аз санҷиш аз ҳамин ҷо оғоз шуд. Баъди чанд дақиқа интизорӣ ва суҳбат бо чанде аз онҳое, ки ба муҳоҷират рафтан мехостанд, навбати сабтином расид.

Нафаре, ки номнавис мекард, пурсид, ки “ба кадом шаҳр сафар кардан мехоҳӣ?”. Гуфтам, ба Самара ё Москва. Ӯ гуфт, яктоашро бояд нависам ва қарор ин шуд, ки Москваро интихоб кунем.

Эълони қонуну қоидаҳои будубош дар Русия дар девори даҳлези бино
Asia-Plus

Баъди номнависӣ ва гирифтани рақами телефон ин ҷавон, ки зоҳиран корманди марказ буд, фаҳмонд, ки “имрӯз танҳо шиносномаатро скан мекунанд ва пагоҳ омада изи ангушт месупорӣ”. Аммо аз сабабе, ки рӯзи ҷумъа рафта будам, рӯзи душанбе барои супоридани изи ангушт рафтам. Чун рӯзи шанбе ва якшанбе истироҳатӣ аст.

Вале қабл аз дохил шудан ба бинои Маркази шиносномадиҳӣ сабтиномкунанда гуфт, “я даҳа иҷа бтакон” (як даҳсомона гузор, - шарҳи муаллиф). Ин сухан то ҷое маро ба ҳайрат овард, зеро гуфта мешуд, хадамоти ин марказ ройгон ба роҳ монда шудаанд.

Барои ҳамин саволомез гуфтам, нафаҳмидам? Ин қонунӣ аст? Ӯ гуфт, “не, беқонун”. Аз он тараф нафари дигаре шӯхиомез гуфт, “ин хайри маҷбурӣ аст”. Ман гуфтам, “модоме ки ғайриқонунӣ аст, пас ман маблағ намедиҳам” ва вориди бинои намояндагӣ шудам.

 

Пас аз санҷиши намояндагӣ бе мамониат мешавад ба Русия рафт?

Дар даҳлез нафарони зиёде барои гузаштан аз санҷиш ва қисме барои гирфтани натиҷаи санҷишҳо дар навбат буданд. Ҳамчунин, чанд нафар аз як корманди марказ сабабҳои ихроҷи худро пурсон мешуданд. Бисёриҳое, ки ин ҷо омада буданд, аз он шикоят доштанд, ки дар Русия ҳамаи ҳуҷҷатҳояшон дуруст буд, вале намедонанд чаро ихроҷашон кардаанд. Дар ин марказ ба ғайр аз нафаре, ки сабтином мекард, дигар ҳама бо қиёфаи русӣ, ки эҳтимол рус ва ё кормандони ВКД Русия буданд.

Дар ҳамин асно фаҳмидам, ки ин намояндагӣ дар санҷиши худ танҳо маълум мекунад, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия иҷозаи ворид шудан ба Русияро доред ё на. Яъне имкон дорад, ки санҷиши натиҷаи мусбат диҳад, вале шуморо мақомоти дигари федералӣ ба монанди Хадамоти федералии амнияти Русия ба ин кишвар роҳ надиҳанд.

Даҳлези бино қабл аз пулакӣ шудани Маркази шиносномадиҳӣ
Asia-Plus

Чӣ тавре ки дар таблои пушти дари намояндагӣ навишта шуда буд, он аз соати 9:00 то 17:00 кор мекунад. Баъди чанде навбати ман ҳам фаро расид. Як корманди ин марказ шиносномаи хориҷии маро нусхабардорӣ кард ва гуфт, “рӯзи душанбе барои санҷиши изи ангушт биёед”.

 

Нигаронии муҳоҷирон, қатъи барқ ва умеду ноумедиҳои дигар

Рӯзи душанбе, 15-уми июл барои санҷиши изи ангушт рафтам. Он рӯз ҳам нафарони зиёде дар навбат истода буданд. То фаро расидани навбати худ бо чандин нафар ҳамсуҳбат шудам. Нигаронии қисме аз онҳо ин буд, ки дар фурудгоҳҳои Русия бидуни ҳеҷ гуна фаҳмондадиҳӣ иҷозаи вуруд ба ин кишварро барояшон надодаанд.

Як қисми дигар мехостанд фаҳманд, ки чаро бо вуҷуди дуруст будани ҳуҷҷатҳояшон онҳоро аз Русия ихроҷ кардаанд. Дар миёни оно нафароне ҳам буданд, ки ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русияро доштаанд, аммо мақомоти ин кишвар бе он ки ба онҳо сабаберо шарҳ диҳанд, ба Тоҷикистон ихроҷашон кардаанд.

Якчанд нафар он ҷо дар даст варақае доштанд, ки мақомоти сарҳадии Русия ҳангоми ба ин кишвар роҳ надодан ва аз он ҷо ба Тоҷикистон фиристоданашон ба онҳо додаанд. Дар ин варақа қоидаҳое зикр  шудааст, ки бо вайрон кардани онҳо шуморо ба Русия роҳ намедиҳанд. Вале дар варақаҳое, ки ман бо онҳо шинос шудам, мушаххас навишта нашудааст, ки ин мусофиронро барои чӣ ва барои вайрон кардани кадоме аз қоидаҳои он ба Русия роҳ надодаанд.

Дар он рӯз чандин нафар вақте фаҳмиданд барои гирифтани ҷавоби санҷиш бояд беш аз ду ҳафта интизор шаванд, бо аломати норизоӣ аз он ҷо рафтанд. Онҳое ҳам буданд, ки вақте дарк карданд, он ҷо танҳо санҷиши манъи вуруди худ аз нигоҳи ВКД Русияро дида метавонанд ва аз дигар мақомотро имкони фаҳмидан нест, тарки намояндагӣ карданд. Зеро ба гуфтаи чандин нафарашон, онҳоро ХБФ (ФСБ) иҷозаи вуруд ба Русияро надодааст.

Варақае, ки мақомоти Русия ба муҳоҷирони тоҷик ҳангоми роҳ надоданашон ба ин кишвар додаанд
Asia-Plus

Вале аҷибаш ин буд, ки ногоҳ барқ дар ин марказ хомӯш шуд ва беш аз се соат интизор шудем, то таъмиргарон биёянду мушкилро ҳал кунанд. Дар давоми ин интизорӣ ҳам чандин нафар ғур-ғуркунон ва асабӣ аз вазъияти рухдода санҷишро нагузашта рафтанд.

Билохира мушкили барқ ҳал шуд ва одам, ки хеле кам монда буд, дарҳол навбати мо ҳам расид. Гирифтани изи ангуштон ба ин тартиб аст, ки изи ҳар як ангушти шуморо дар алоҳидагӣ мегиранд.

Бояд гуфт, қаблан муовини вазири меҳнат ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки изи ангуштон маълумоти шахсии шаҳрванд мебошад ва худи намояндагӣ ҳуқуқи тафтиши онро нахоҳад дошт.

“Намояндагӣ экспертизаро мегузаронад, маълумот ба ВКД Тоҷикистон фиристода мешавад ва онҳо, дар навбати худ, изи ангуштонро тавассути каналҳои худ ба ҳамкоронашон дар Русия мефиристанд”, - изҳор дошта буд ӯ.

Ҳамчунин, пас аз гирифтани изи ангуштон кормандони он ҷо аз ман якчанд савол ба монанди он ки қаблан ба Русия рафта будам ва дар кадом шаҳр будаму чӣ кор мекардам, пурсон шуданд.

Пас аз ин гуфтанд, ки ду ҳафта баъд (30-юми июл) омада натиҷаи санҷишро гирифта метавонӣ.

Аммо бо баъзе сабабҳо давоми ду моҳ дигар ман ба суроғи натиҷаи санҷиши изи ангушт ва фаҳмидани он ки аз нигоҳи ВКД-и Русия ман ягон қонуншиканӣ дорам ё не ва иҷозаи рафтан ба ин кишварро дорам, ё не нарафтам.

Дар ин миён хабари пулакӣ шудани хадамоти Маркази шиносномдиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе барои шаҳрвандони Тоҷикистон паҳн шуд.

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ба “Азия-Плюс” гуфт, аз 1-уми сентябр хидматрасонӣ пулакӣ ва арзиши он каме бештар аз 400 сомонӣ хоҳад буд. Давоми се моҳ хидматрасонии ин марказ ройгон буд.

Даҳлези бинои Маркази шиносномдиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе пас аз пулакӣ шудани хидматрасонии он
Asia-Plus

 

Марказ пулакӣ шуд. Мардум аз хадамоти он даст кашиданд?

Пас аз ду моҳ рӯзи 4-уми октябр ман барои гирифтани натиҷаи санҷиши манъи вуруд ва изи ангуштони худ ба Маркази шиносномдиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе рафтам. Аммо ин бор он ҷо на чун қабл пур аз одамон, балки холӣ буд. Танҳо як-ду нафар дар назди марказ буданду халос. Дар даҳлези марказ, ки ҳангоми ду маротибаи пеш рафтани ман пур аз одам буд, ин бор касе дида намешуд.

Ман ҷавоби санҷишамро гирифтам ва гуфтанд, ки шумо аз нигоҳи ВКД-и Русия метавонед ба Русия равед. Аммо ман ҷавоби санҷиши худро ройгон гирифтам, зеро ҳангоми супоридани санҷиш ҳанӯз хадамоти ин марказ пулакӣ нашуда буд.

Ҷавоби санҷиши рӯзноманигори "Азия-Плюс" барои рафтан ба Русия аз нигоҳи ВКД-и ин кишвар
Asia-Plus

Маълум шуд, ки ҳамакнун арзиши хадамоти он 465 сомонӣ аст.

Бояд зикр кард, ки онҳое ҳам буданд, ки пас аз гузаштан аз санҷиши Маркази шиносномдиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе натиҷаи мусбат гирифтанд.

Аммо Хадамоти федералии амнияти Русия онҳоро иҷозаи вуруд ба ин кишварро надод ва ба Тоҷикистон равонашон кард. Чанд нафари аз онҳое, ки ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ шуда буданд, ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки “бидуни шарҳ” ба Русия роҳашон надодаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.