Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 16 октябр дар Исломобод баргузор шуд, изҳор дошт, ки Тоҷикистон рушди ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯбаи СҲШ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти сиёсати хориҷии худ мешуморад.

Тавре ки хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад, дар суханронии худ ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки ба туфайли сиёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои аъзо ва нозирони СҲШ "муносибатҳо мунтазам дар ҳоли рушд қарор дошта, ба сатҳи баландтарини худ расиданд.

Иштирокдорони ҷаласа ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои амалӣ дар доираи созмон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Дар ҷаласа доир ба таҷдиду навсозии созмон, сохторҳои доимии он, инчунин таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони муколамаи СҲШ ва ассотсиатсияҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон, тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ, иқтисоди рақамӣ ва «сабз», тиҷорати электронӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, нақлиёт ва логистика, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок пешниҳодҳо ироа гардиданд.

Дар поёни вохӯрӣ роҳбарони ҳукуматҳо – сарвазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай изҳороти муштаракро ба имзо расониданд.

Дар чорабинӣ сарвазирони Русия, Беларус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин ноиби аввали президенти Эрон ва намояндаи воломақоми Ҳиндустон ширкат варзиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.