Рӯзи 25 сентябр дар шаҳри Лондони Британяи Кабир маросими баимзорасонии бузургтарин бастаи сармоягузорӣ дар бахши бонкдории Тоҷикистон аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) бо ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» баргузор гардид. Маҷмӯи сармоягузории 20 миллион доллар барои рушди иқтисоди сабз ва дастгирии соҳибкории ҷавонон ва занон равона хоҳад шуд.
Созишномаҳоро директори иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кор бо институтҳои молиявӣ Франсиз Малиж ва Раиси ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» Мирзосафар Сафаров ба имзо расониданд.
Бастаи сармоягузориҳо ба ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” барои беҳтар намудани дастрасии муштариёни худ ба технологияҳои сабзи инноватсионӣ ва инчунин, татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим кӯмак хоҳанд кард.
Маҷмӯи молиявӣ инчунин ба соҳибкорони ҷавон ва ширкатҳои ба занон тааллуқ ё идора мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард.
ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” аз соли 2007 бо БАТР дар самтҳои гуногун, аз ҷумла маблағгузории корхонаҳои хурду миёна, ҷавонон дар тиҷорат, занон дар тиҷорат, ташаббусҳои сабз ва дигар лоиҳаҳо ҳамкорӣ дорад.
Бонк муштариёни худро тавассути 7 филиал ва 40 маркази хизматрасонии бонкӣ, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дастгирӣ менамояд.
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста