Ин созишнома байни хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Русия дар доираи Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024 дар Маскав ба имзо расид.
Сомонаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки “Созишнома оид ба ташкили тартиби содакардашудаи анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ("Долони содакардашудаи гумрукӣ)”-ро роҳбарони хадамоти гумруки ду кишвар Хуршед Каримзода ва Валерий Пикалёв ба имзо расониданд.
Ин ниҳод навиштааст, ки созишнома шароити мусоид барои тиҷоратро фароҳам меорад ва барои шахсоне, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории ҷонибҳо ба категорияи хатари паст мансуб аст, аз ҷумла ШҲД (Ширкати ҳимояшудаи доимӣ), шароити мусоид барои тиҷоратро фароҳам меорад ва ҷараёни интиқоли молро байни ду кишвар ба таври назаррас метезонад”.
Дар “Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024”, ки рӯзҳои 29-30-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Маскав баргузор шуд, фаъолияти гумруки байналмилалӣ, тамоюлҳои калидӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва тағйирот дар тиҷорати байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаст.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, “дар чорабинӣ масъалаҳои рақамикунонии савдои хориҷӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар равандҳои расмиёти гумрукӣ, рушди тиҷорати электронӣ, тағйироти долонҳои логистикӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар самти фаъолияти гумрукӣ, баррасӣ гардид”.
Ин форум аз ҷониби Хадамоти федералии гумруки Русия ҳамасола ташкил карда шуда, як платформа барои табодули таҷрибаи пешқадам дар самти танзими фаъолияти гумрукӣ ба шумор меравад ва он дар таҳкими муносибатҳои мақомоти гумрук бо доираҳои тиҷоратӣ шароит фароҳам меоварад.
Имсол дар чорабинӣ намояндагони 27 ҳайати байналмилалӣ, зиёда аз 1,5 ҳазор намояндани мақомоти федералӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои соҳибкорон, инчунин коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ иштирок кардаанд.
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷик дар Амрико. Пулис номи гумонбарро эълон кард
Сарду боронӣ. Дар охирин моҳи тирамоҳ вазъи ҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста