Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як изҳорот, бозиҳои компютерии “Counter Strike”, “Grand Theft Auto” (GTA) ва монанди инҳоро дорои хусусияти зӯроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ номида, гуфтааст, барои машғул шудани ноболиғон бо он, волидон муҷозот хоҳанд шуд. Агар хонандагони мактаб дар вақти дарс ба ин бозиҳо машғул шаванд, муаллимон низ ҷазо дода мешаванд.
Дар ин бора Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ба иттилои шаҳрвандон, махсусан соҳибмулкони марказҳои бозиҳои компютерӣ расонида мешавад, ки мувофиқӣ талаботи қонунгузории Тоҷикистон, паҳн намудани навор ва бозиҳои ғайриахлоқию характери зӯроваридошта қатъиян манъ аст.
“Тибқи хулосаи экспертизаи таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бозиҳои “Counter Strike” ва “Grand Theft Auto” (GTA), дорои хусусияти зӯроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ мебошанд”, - таъкид кард Шакурӣ.
Ба гуфтаи ӯ, таҳлилҳои мақомоти милитсия нишон додаанд, ки баъзе аз ҷавонону наврасон, дар натиҷаи мунтазам ба чунин бозиҳо машғул гардидан, зери таъсири манфии ин бозиҳо қарор гирифта, ҷиноятҳои гуногун содир кардаанд. Аммо ӯ аз ҳодисаи мушаххас ном нагирифт.
Раёсати ВКД дар Душанбе аз соҳибмулкони чунин марказҳо талаб менамояд, ки минбаъд ба паҳнсозии ин бозиҳо роҳ надиҳанд. Ҳамзамон, шаҳрвандонро мебояд фарзандони худро зери назорат гирифта, нагузоранд ба ин бозиҳои тарғибкунандаи қатлу куштор машғул шаванд.
Ба волидон, соҳибмулкон ва омӯзгорон бо кадом модда ҷазо дода мешавад?
Ба гуфтаи сухангӯи РВКД дар Душанбе, вақте ноболиғ ҳангоми машғул шудан бо бозиҳои дорои хусусияти зӯроварӣ дастгир карда шавад, вобаста ба вақту замон ва шароити бозӣ ба волидон, соҳибмулкон ва ҳатто омӯзгорон ҷазо пешбинӣ гардидааст.
Барои падару модарон тибқи моддаи 90, банди 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак” аст, ба андозаи аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1 ҳазору 80 то 1 ҳазору 440 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Агар давоми як сол ин кирдор такроран содир шавад, нисбати волидон ба андозаи аз 30 то 35 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 464, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ “ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ ва марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ”-ро манъ кардааст.
Дар асоси ин модда ба соҳибкорони марказҳои бозиҳои компютерӣ аз 180 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 12 ҳазору 960 то 14 ҳазору 400 сомонӣ) ҷарима таъин мегардад.
Агар давоми як сол ин кирдор такрор шавад, ба соҳибони марказҳои бозиҳои компютерӣ аз 220 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15 ҳазору 840 то 18 ҳазор сомонӣ) ҷарима таъин хоҳад шуд.
Агар хонандаи ноболиғ дар вақти дарс аз мактаб гурехта, ба марказҳои бозиҳои компютерӣ омада, ба бозӣ машғул шавад, барои беэътиноӣ ва беназорат гузоштани хонанда ба омӯзгор ҳам огоҳӣ дода мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ин робита милитсияи пойтахт баргузории рейду амалиётҳои санҷиширо дар марокизи бозиҳои компютерӣ минбаъд ҳам ба роҳ мемонад.
Қаблан даҳҳо соҳибони марказҳои бозиҳои компютерӣ барои роҳ додани ноболиғон дар асоси қонунгузорӣ ҷарима ва ҳатто муваққатан фаъолияташон боздошта шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло раванди таълим ва тарбияи хонандагон мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумат ва мақомоти қудратӣ қарор дорад. Ахиран як додситони вилояти Суғд хостори назорати қатъӣ ва доимии хонандагон шуда, дастур дод, ки омӯзгорону волидайни донишомӯзонро аз тамошои филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ ҳам боздоранд. Дар робита ба назорати хонандагон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам борҳо нигаронӣ карда, ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода буд.
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷик дар Амрико. Пулис номи гумонбарро эълон кард
Сарду боронӣ. Дар охирин моҳи тирамоҳ вазъи ҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста