Моҳи ноябр дар Тоҷикистон ҳавои сард ва боронӣ пешбинӣ мешавад. Ҳарорат нисбат ба меъёр 1-2 дараҷа поён хоҳад буд. Дар минтақаҳои кӯҳистону доманакӯҳҳо боришот бештар хоҳад буд. Дар водиҳо ҳам ҳарорат тағйир меёбад – шабона каме сард ва рӯзона гарм мешавад.

Дар ин бораи Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорат тақрибан 7-10 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо бошад — 6-7 дараҷа гарм хоҳад буд. Шабона дар водиҳо ҳарорат аз 4 то 9 дараҷа гарм, баъзан то 3 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона дар водиҳо ҳарорат аз 18 то 23 дараҷа гарм шуда, дар рӯзҳои сард то 2-7 дараҷа поён меравад.

Шабона дар доманакӯҳҳо ҳарорат аз 1 то 6 дараҷа гарм хоҳад буд ва эҳтимол то 5 дараҷа сард шавад. Рӯзона дар доманакӯҳҳо ҳарорат аз 13 то 18 дараҷа гарм, дар рӯзҳои сард — 6-11 дараҷа хоҳад шуд. Боришот нисбат ба меъёр камтар пешбинӣ мешавад: дар водиҳо — 17-48 мм ва дар доманакӯҳҳо — 54-69 мм. Инчунин, суръати шамол то 17-22 м/с хоҳад буд.

Дар водиҳои вилояти Суғд ҳарорати миёнаи ҳаво 5-6 дараҷа гарм ва дар кӯҳҳо аз 2 дараҷа манфӣ то 2 дараҷа гарм мешавад. Шабона дар водиҳо ҳарорат аз 2 то 7 гарм ва баъзан то 4 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳарорат аз 12 то 17 дараҷа гарм хоҳад буд, аммо дар рӯзҳои сард метавонад то 6-11 дараҷа поён равад. Дар кӯҳҳо шабона ҳарорат аз 1 то 6 дараҷа сард ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм, дар рӯзҳои сардтар бошад — аз 2 то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Боришот нисбат ба меъёр камтар хоҳад буд: дар водиҳо — 11-26 мм ва дар кӯҳҳо — 9-18 мм. Суръати шамол то 15-20 м/с ва дар баъзе мавридҳо туман мешавад.

Акси марбута
Акс аз манобеи боз

Дар минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёна -1 то +4 дараҷа, дар Дарвоз то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Шабона ҳарорат аз 0 то 5 дараҷа гарм, дар шабҳои хунук то 3-8 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳарорат аз 13 то 18 дараҷа гарм хоҳад буд, аммо дар баъзе рӯзҳо эҳтимоли то 4 дараҷа сардӣ вуҷуд дорад. Боришот дар ҳудуди меъёр хоҳад буд: дар ғарби ВМКБ — 4-33 мм ва дар минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ — 23-99 мм. Ҳамчунин, суръати шамол то 15-20 м/с хоҳад буд.

Дар шарқи ВМКБ ҳавои хеле сард пешбинӣ шудааст. Ҳарорати миёна тақрибан 8-10 дараҷа сард хоҳад буд. Шабона ҳарорат аз 6 то 11 дараҷа сард ва дар шабҳои сардтар то 18-23 дараҷа сард мешавад. Рӯзона аз 0 то 5 дараҷа гарм, вале дар рӯзҳои сард то 2-7 дараҷа сард хоҳад буд. Боришот дар баъзе ҷойҳо нисбат ба меъёр камтар мешавад (1-8 мм), ғайр аз минтақаи пиряхи Федченко, ки дар он ҷо 119 мм боришот пешбинӣ мешавад. Суръати шамол то 15-20 м/с хоҳад буд.

Ба таври умум, ба ҳавои сард ва боронӣ, бо эҳтимоли боришот ва туман омодагӣ гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.