Хуҷанд. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд аз Чин боз як мошини сӯхторхомӯшкунӣ харидорӣ кард.
Тавре сардори раёсати мазкур Нозим Маҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ғунҷоиши зарфи оби мошин 6 тоннаву 400 килоро ташкил дода, мошин ҳамчунин бо таҷҳизоти замонавии оташнишонӣ ва лавозимоту асбоби зарурӣ барои ҳайати шахсӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Арзиши мошин ба 290 ҳазор сомонӣ баробар аст.
Ба гуфтаи Н.Маҳмадов, ин дуввумин мошини сӯхторхомӯшкуниест, ки аз Чин харидорӣ мешавад ва акнун шумори нақлиёти нав, ки дар навбатдорӣ истифода мешавад, 9 ададро ташкил медиҳад. «Хадамоти оташнишонии шаҳри Хуҷанд бо 4 мошин ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Конибодом ва Истаравшан бо мошинҳои боқимонда таъмин гардиданд», - афзуд ӯ.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста