Қӯрғонтеппа. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд ба гумони латукӯби кормандони Бозрасии давлатии автомобили вилояти Хатлон боздошт шуд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муфаттиш оид ба корҳои махсуси мақомоти додситонии вилояти Хатлон иттилоъ дод, сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд Кенҷа Ӯрозов дар таърихи 14-уми майи соли ҷорӣ дар посгоҳи Сангтӯда, ки дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Данғара воқеъ аст, барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт боздошт гардида буд. «Пас аз тартиб додани санад дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ӯрозов бояд аз ташхис мегузашт, вале дар роҳ аз кормандони БДА мутаваққиф сохтани автомашинаро дархост намуда, аз он пиёда мешавад ва сипас ба кормандони БДА Артур Назаров ва Аваз Иброҳимов дарафтода, онҳоро латукӯб ва сарулибоси хидматиашонро пора месозад», - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба ин аъмоли сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд мутобиқи моддаи 328, қисми 1-и КҶ-и ҶТ (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Пас аз анҷоми тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ он ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба додгоҳ ирсол мегардад», - афзуд сарчашма.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста