Бар асари як садамаи нақлиёти фоҷеабор дар вилояти Хатлон 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ахири ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи “Шаанчи-Долун, ноболиғ С.Р.-и 17-сола, истиқоматкунандаи ш. Қӯрғонтеппа бе ҳуҷҷати ронандагӣ, ки автомашинаи мазкур ба шаҳрванд Атаҷонов Аҳлиддин тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён аз самти ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ ба самти ноҳияи Қумсангир, дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Ҳамроев Абдулвоҳиди 56-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бармехӯрад.

Гуфта мешавад, бар асари ин бархӯрд ронандаи автомашаинаи «Опел-Вектра» ва мусофирони ӯ – сокинони ноҳияи Рӯдакӣ - Муривташо Наврӯзови 50-сола, Табаракшо Наврӯзови 56-сола ва сокини 30-солаи ноҳияи Қумсангир Ҳусейн Урозалиев аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.