Соати 07:05-дақиқаи рӯзи 29 декабри соли 2015 дар бинои истиқоматии баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Шотемур 25-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, фавран ба ҷойи ҳодиса 5 адад нақлиётҳои асосиву махсуси оташнишонӣ сафарбар карда шудаанд. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ муайян карда шуд, ки дар ҳуҷраи № 57-и ошёнаи 10-уми бинои истиқоматӣ сӯхтор ба амал омада, дар дохили он соҳибхоназан Раҳимова Суфия Зикриолоевна соли таваллудаш 1970, духтараш Раҳимова Суман соли таваллудаш 1995 ва писари соҳибхоназан Ҳаётов Мустафо соли таваллудаш 2010 мондаанд.
Бо назардошти вазъияти ба амал омада, аз ҷониби роҳбарияти СХДО ВКД қувваву воситаҳои асосӣ дар як вақт барои наҷоти одамон ва пешгирии роҳҳои паҳншавии оташу хомӯш намудани сӯхтор сафарбар карда шуда, ҳамзамон ба ҷойи ҳодиса кормандони тиб, милитсия, БДА ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор даъват карда шуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврии оташнишонӣ аз дохили ҳуҷраи оташгирифта, соҳибхоназан бо фарзандонаш ба ҷойи бехавф бароварда шуда, соҳибхоназан аз ҷониби кормандони милитсия ба беморхона дастрас карда шуд. Сӯхтори ба амал омода бошад, дар масоҳати 3 метри мураббаъ, бепаҳншавӣ ба дигар ҳуҷраҳои зисти шаҳрвандон, дар соати 07:37-дақиқа хомӯш карда шуд.
Мувофиқи иттилои кормандони беморхона соҳибхоназан Раҳимова С.З. дар натиҷаи заҳролудшавии зиёд аз дуди ғализ, ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои мутахассисони ХДО ВКД сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар барқтақсимкунаки дохили ҳуҷраи зист буда, зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки аз сӯхтор фарзандони соҳибхоназан ягон осеб надидаанд ва вазъи саломатиашон айни ҳол хуб мебошад.
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Аз сабти онлайни расона то 60% муҳтавои ватанӣ ва забони ишора. Тарҳи қонуни нави ВАО чӣ дорад?
Боздошти нозири минтақавии ШВКД Қубодиён ба гумони порагирӣ
Ду рӯзи наздик дар Тоҷикистон борону жола меборад
Барои рушди бахши роҳи оҳани Тоҷикистон 7,5 млрд доллар маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст
Чин ба сохтмони неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон 400 млн доллар маблағгузорӣ мекунад
Дар радабандии рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ нишондиҳандаҳои Тоҷикистон каме беҳтар шуданд
Раиси дастгоҳи Иброҳим Раисӣ ҷузъиёти суқути чархболро шарҳ дод
Тайи 1 шабонарӯз дар обҳои Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста