Шоми рӯзи 24 ноябр як маҳбус аз муассисаи ислоҳии низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд фирор кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар ин робита иттилоъ дод, маҳбуси фироркарда сокини 26ғсолаи шаҳри Исфара Амонуллохон Носирӣ будааст, ки соли 2009 бо ҷурми роҳзаниву ғоратгарӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуда будааст. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин ҳодиса манбаъ худдорӣ кард.
Қобили зикр аст, ки соли равон ин ҳодисаи дуюми фирори маҳбусон аз муассисаи ислоҳии 3/3-и шаҳри Хуҷанд мебошад. Шоми рӯзи 17 июн аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд маҳбусон - Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсупов ва Мирзозариф Қаюмов кӯшиши фирор намуда буданд.
Рамзуллохон Додохонови 28-сола, сокини шаҳри Исфара барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол, Ҳабибҷон Юсупови 36-сола, сокини шаҳри Хуҷанд барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ ба мӯҳлати 20 сол ва Мирзозариф Қаюмов сокини шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба мӯҳлати 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд.
Зимни нишасти хабарии нимсодаи аввал прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов дар ин робита изҳор намуд а буд, ки аз рӯи далели кӯшиши гурехтан аз муассисаи ислоҳӣ нисбати фироиён мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ) ва нисбати ду корманди муассиса мутобиқи моддаи 322 (Хунукназарӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҳамчунин нисбати ду корманди муассисаи ислоҳии низомаш шадиди 3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки се тан аз маҳбусон аз он кӯшиши фирор намуда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.