Зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар хариду фурӯши ноболиғ дастгир шуд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда тифли навзодаш, писарчаро ба зани 39-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 2 ҳазору 500 сомонӣ фурӯхтааст.
Дар мавриди ҳодисаи куштор гуфта мешавад, марди 24-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми муноқиша бо падарандари 62-солааш ӯро лату кӯб ва ба ҳалокат расонида, сипас ҷасадро дар заминҳои кишти деҳаи Навкорами ноҳия зери хок намудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.