Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳалокати мушовири вазири мудофиа, собиқ сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Зариф Шарифзодаро тасдиқ кард.

Генерал-майор Зариф Шарифзода (Бобокалонов - то ивази ному насаб) бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми дирӯз дар кӯчаи Умари Хайёми пойтахт рух дод, ҳалок шудааст. Маълумот дар бораи ҳалокати ӯро котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев тасдиқ кард.

Зариф Шарифзода ва Валерий Герасимов, Душанбе, соли 2013
Asia-Plus

Ба гуфтаи як манбаъ аз Вазорати мудофиа, фарзияи асосии садама ин аст, ки худи генера-майор сари рули автомашина қарор дошта, эҳтимол дилаш аз кор мондааст ва автомашина ба мошини дар пешистода бархӯрдааст.

Генерал-майор Зариф Шарифзода то моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси муовини аввали вазири мудофиа кор мекард. Баъди ба исёни мусаллаҳона даст задани муовини дигари вазир Абдуҳалим Назарзода ва безарар гардонидани гурӯҳи ӯ, ҳамаи муовинони вазири мудофиа, аз ҷумла Шарифзода низ аз мансабҳояшон барканор шуданд. Баъдан ӯ мушовири вазири мудофиа шуд.

Ҳодисаи марги генерал-майор Зариф Шарифзодаро мақомоти корҳои дохилӣ ва Бозрасии автомобилии ҳарбии Вазорати мудофиа таҳқиқ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, ба ҳангоми садама, дар дохили мошини генерал як нафари дигар ҳам нишаста буд, ки ҳоло бо ҷароҳатҳои сангин дар бемористон қарор дорад.