Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми рӯзи душанбе дар наздикии шаҳри Норак рух дод, 4 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба ҳалокат расиданд. Автомашинаи «РАФ-Чонвай» таҳти идораи сокини 22-солаи Душанбе Мирзонаим Наимов қарор дошт, ки ҳамроҳи ҳамсабақонаш аз Кӯлоб ба пойтахт бармегаштанд.

Дар наздикии шаҳри Норак ронанда аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, он ба автомашинаи боркаши «Шакман», таҳти идораи сокини 26-солаи ноҳияи Рӯшон Иқболи Эмомалӣ бармехӯрад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, Наимов ва ҳамкурсони ӯ - Тоҷиддин Муродов ва Меҳроҷиддин Тоҳиров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашина - донишҷӯёни курси 4-уми ДМТ Комрон Давлатов ва Абдулфаёз Толибов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шудаанд. Давлатов дар бемористон ба ҳалокат расида, баҳри наҷоти ҳаёти Толибов табибон мубориза мебаранд.

Гуфта мешавад, айни замон кормандони милитсия сабабҳои рух додани ин ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.