Нимаи рӯзи 6 июл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҷавони 22-сола ва навраси 12-сола - сокинони деҳаи Парзудчии ҳамин ноҳия ғарқ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҷустуҷӯи ҷасадҳо то соати 23:30 идома ёфта, вале натиҷа ҳосил нашудааст.

Субҳи имрӯз наҷотбахшон ҳамроҳи сокинони маҳаллӣ ва хешовандони ғарқшудаҳо ҷустуҷӯро идома доданд.

“Барои пайдо кардани ҷасадҳо дастаи   махсуси зудамали наҷоти шаҳри Хоруғ равон карда шуд”, - қайд мешавад дар маълумот.

Тибқи маълумоти Кумита, аз оғози мавсими оббозӣ то охири моҳи июн дар Тоҷикистон беш аз 30 нафар ғарқ шуда, дар бештари ҳолатҳо ин ҳодисаҳо бар асари риоя накардани қоидаҳои рафтор дар об рух медиҳанд.

Сарфи назар аз огаҳиҳои чандинкаратаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода доир ба оббозӣ накардан дар ҷойҳои манъшуда, одамон ҷони худро ба хатар гузошта, ҳама гуна огаҳӣ ва тавсияҳоро нодида мегиранд.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.