Сӯхтор дар бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи яхдон сар задааст. Яхдон дар нуқтаи савдои №42, мансуб ба соҳибкори инфиродӣ Дилшод Идиев, сокини шаҳри Душанбе қарор доштааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, сӯхтор соати 00.29 дақиқаи шаби гузашта рух дода, майдони 134 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
“Сӯхтор соати 01:27-дақиқа пурра хомӯш карда шуд, - омадааст дар хабар ВКД. - Оташ 16 нуқтаҳои савдоро пурра ва 8 нуқтаҳои савдоро қисман фаро гирифт”.
Гуфта мешавад, зарари расонидашуда аз ҳодисаи сӯхтор тақрибан 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
“Ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор ба маблағи зиёда аз 15 млн сомонӣ молу амволи фурӯш ва биноҳои ҳамшафат аз коми оташ наҷот дода шуд”, - қайд мешавад дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор ва дигар ҷузъиёти ин ҳодиса идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.