Бар асари бориши зиёди барф дар Тоҷикистон аз субҳи 22-юми январ ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор дар роҳи Душанбе-Чаноқ манъ гардид. Бозраси давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, баста шудани роҳ барои бархе мошинҳо муваққатӣ аст.
Як манбаъ аз БДА дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт ҳаракати мошинҳои сабукрав дар масири Душанбе-Хуҷанд манъ нашудааст.Ба гуфтаи ин манбаъ ширкати масъули нигоҳубини роҳ, ширкати IRS роҳро аз барф тоза мекунад.
“Аз ду самт ба ҳаракати нақлиёти сабукрав иҷозат ҳаст. Аммо имрӯз бинобар боридани барфи зиёд ҳаракати мошинҳои боркашӣ ядакдор манъ гардид. Ҳоло ширкати IRS масири Душанбе-Чаноқро аз барфтоза карда истодааст”
Шаби 21 ба 22 январ дар аксари манотиқи Тоҷикистон шамоли бошиддат вазид,а барфи зиёд борид. Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар дар як хабарнома огаҳ карда буд, ки ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои 22-23 январ ҳарорати ҳаво якбора поён мефарояд. Дар хабарномаи ин кумита гуфта шудааст, ки бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Русия дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво боришоти борон гузариш ба барф дар назар буда, рӯзи 22 январ боришоти бошиддат пешгӯӣ шудааст. Ҳароратишабонаиҳаводар ин сана то 8-10 дараҷа, рӯзона то 10-15 дараҷа паст шуда, шамол аз самтиғарббошиддатнокии то 15-22 м/с мевазад.
“Дар рӯзҳои пешгӯишаванда дар ноҳияҳои кӯҳӣ хавфи фаромадани тарма, яхбандӣ дар роҳҳо, ба амал омадани туман, бӯрони барфӣ, пайдошавии қабати барф аз ҳисоби боришот эҳтимолият дорад”.
Кумита аз сокинон бо исрор хоҳиш кардааст, ки давоми ин рӯзҳо басо эҳтиёткор бошанд,бидуи зарурат сафар накунанд, пеш аз сафар аз ҳолати роҳҳо аз мақомотҳои дахлдор маълумот бигиранд, мошинҳои худро аз назар гузаронанд, чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд.
Инчунин, Раёсат тавсия медиҳад, ки барои пешгирии ҳолатҳои сӯхтор қоидаҳои қатъии бехатарии сӯхторро риоя намуда, ноқилҳоро сари вақт санҷед, таҷҳизотҳои барқиро дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доред, қувваи барқро сарфакоронаву оқилона истифода баред.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чӣ хел шабакаҳои иҷтимоӣ афкори моро тағйир медиҳанд?
Ширкати суғуртаи Чин дар бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад
Барои пешгирии оқибатҳои пандемия Тоҷикистон аз БРСММ кумак хост
Оғози мавсими намоишҳои театри касбӣ дар Тоҷикистон
Сокини Ёвон барои куштани ҳамсари ҳомилааш ба 22 соли зиндон маҳкум шуд
Филми Дилшод Авазов ба ҷоизаи махсуси кинофестивали байналмилалӣ соҳиб шуд
КҲФ: роҳҳо тозаву ҳаракат барқарор шуда, лекин ҳарорат 12-14 дараҷа поин меравад
Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Эронро ба аҳамияти иҷрои қарордодҳои дуҷониба ҷалб кард
СҶТ аз муҳлатҳои анҷоми пандемияи коронавирус хабар дод
Зебоии сарулибоси низомиён дар ҷамъомади тантанавӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста