Додситонии вилояти Хатлон ҷанҷоли як афсари баландрутбаи Вазорати корҳои дохилиро бо сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун таҳқиқ мекунад, ки зимни он аз аслиҳа истифода шудааст.
Чанд манбаъ дар мақомоти интизомӣ 5-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, зимни даъвое дар шаби 31-уми декабри соли 2021 Пӯлод Барфӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун, ба пешонии Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳия, таппонча гузошта, пас аз кашокаш ба ҳаво ду тир холӣ кардааст.
Вазорати корҳои дохилӣ барои ин кор рӯзи 3-юми январ Пӯлод Барфиро аз мақомаш барканор кардааст. Ҳоло Исроил Ғоибзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори ШКД дар ноҳияи Ҷайҳун аст.
Бино ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, сабаби муноқиша ин будааст, ки гуё кадом хеши сартабиби Ҷайҳун нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ доштааст ва ба Пӯлод Барфӣ беэҳтиромӣ кардааст. Пӯлод Барфӣ дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки “ҳеч ҷанҷоле набуд”. Вазорати корҳои дохилӣ мавзуъро шарҳ надодааст, вале дар Додситонии вилояти Хатлон ҳодисаро тасдиқ карданд.
“Ҳодиса шаби Соли нав дар як тарабхонаи ноҳия рух додааст. Он ҷо раиси суди ноҳия ва сардори КДАМ дар ноҳия низ ҳузур доштаанд. Онҳо ҷанг байни ду нафарро халос карда, бо даъвати дигарон таппончаро аз дасти сардори ШВКД гирифтаанд,” -- гуфтааст яке аз мусоҳибоне, ки нахост номаш фош шавад.
Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, то 3-юми январ ҳама иштирокчиёни ҳодиса онро пинҳон доштаанд ва мақомоти додситонӣ аз ин дертар огоҳ шудаанд.
Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳияи Ҷайҳун, рӯзи 5-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз мақомоти тафтишотӣ пурсед, ки чӣ ҳодиса шудааст.”
Полковник Қурбоналӣ Пӯлод Барфӣ даҳ моҳ пеш ба вазифаи сардори ШКД-и ноҳияи Ҷайҳун таъин шуд. Ӯро ба ҷойи Неъматулло Солеҳзода, ки бо иттиҳоми "суистифода аз мансаб" дар қазияи кочоқи тило боздошт шуд, ба ин вазифа таъин карданд. Пеш аз ин, ӯ сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фармондеҳи ҷавон"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста