Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи худ дар Facebook марги кӯдаки тоҷикро тасдиқ намуда, ба волидон ва наздикони ӯ изҳори тасаллият кардааст.
“Намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз марги фоҷеавии як кӯдаки тоҷик, ки аз ошёнаи 18-уми бинои истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Москваи Русия ба замин афтидааст, хабардор буда, ҳамдардии амиқи хешро ба падару модар ва наздикони марҳум изҳор менамояд”, - омадааст дар хабари сафорат.
Гуфта мешавад, дар робита ба ин фоҷиа, кормандони сафорат фавран бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар тамос шуда, хоҳиш намуданд, ки аз рафти тафтишоти ҳодиса сафорат дар ҷараён гузошта шавад.
Зимнан зикр мегардад, ки сафорат омодагии худро ҷиҳати расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба хонаводаи кӯдаки фавтида изҳор менамояд.
Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба сарёвари роҳбари Сарраёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав Юлия Иванова иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби муфаттишон бо моддаи то ба марг расонидан аз рӯи беэҳтиётӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти пешакӣ, қабл аз ин ҳодисаи фоҷеабор кӯдак дар долон (коридор)-и умумии ошёна бозӣ мекардааст. Волидони кӯдак зодагони Тоҷикистон мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.