Сӯхтор дар бинои ҶДММ “Шарқ”, ки дар дохили бозори Панҷшанбе воқеъ аст, сар зада, 17 мағозаро фаро гирифтааст. Дар пайи сӯхтор 75 метри мураббаъи ин бозор ба коми оташ рафтааст. Дар ин бора Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд ба “Asia-Plus” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки сӯхтор соати 3-и субҳ сар зада, то соати 5 хомӯш карда шудааст.
“Ҳоло сӯхтор хомӯш карда шудааст ва сабабу омили рух додани ҳодиса ва хисороти он муайян карда мешавад”, - гуфт Қаҳрамон Қодирзода.
Ҳамчунин, ӯ таъкид намуд, ки дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Бозори “Панҷшанбе” яке аз бузургтарин ва қадимитарин бозорҳо дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад, ки қаблан низ ба коми оташ рафта буд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз оғози моҳи декабр дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта мешавад.
Дирӯз, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара низ сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт.
Пештар аз ин, рӯзи 5-уми декабр, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми оташ рафта буд.
Бино ба иттилои Қаҳрамон Қодирзода давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 463 ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.
Аз бегуноҳӣ то интизорӣ. Вазъи занон дар зиндонҳои Толибон
Дар Тоҷикистон чӣ қадар сурма ҳаст?
Аз маъдану тилло то барқу пахта. ТОП-10 маҳсулоте, ки Тоҷикистон содирот мекунад
“Қувваҳои зидди давлат аз қазияи Кӯлоб истифода мебаранд”. Шарҳи прокурори минтақаи Кӯлоб
Барои баргузории 3 озмун дар Тоҷикистон беш аз 11 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Қирғизистон 42 донишҷӯи тоҷик боқӣ мондаанд. Вазорат омода аст, ки онҳоро баргардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, далели шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро месанҷад
Футболбози тоҷик Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи Португалия қарордод баст
Вазири маориф: Таътили тобистона аз 1-уми июн оғоз мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода: “Ҷомеа демократӣ нест ва исломгароӣ дар рагу пӯсти мо ҷой гирифтааст”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста