Дар натиҷаи таркиши яке аз қубурҳои сементгузар дар Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳирсемент” ду нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Чин ба ҳалокат расида, 6 нафари дагар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.
Дар ин бора Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, имрӯз, 8-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Ҳодиса 31-уми январи соли 2023, дар пайи таркиши яке аз қубурҳои сементгузар, ки ҳарорати семент дар он то 150 дараҷа гармӣ мерасад, рух додааст. Дар натиҷа 8 нафар кормандон зарар дидаанд ва ду нафари онҳо, аз ҷумла як шаҳрванди кишвари Чин фавтидаанд”, - гуфт Ҷамшед Маҳмадзода.
Ба гуфти манбаъ, ду нафар дар натиҷаи сӯхтани 99 дарсади аъзои баданашон ба ҳалокат расидаанд. 6 нафари дигар айни ҳол дар бемористон бистарӣ шудаанд.
“Як нафаре аз бистаришудаҳо, барои идомаи табобат ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст”, - иброз дошт Ҷамшед Маҳмадзода.
Дар робита ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Бояд гуфт, ки Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳирсемент” яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсолкунандаи семент дар ҷануби кишвар буда, маҳсулоти он на фақат дар бозори дохилӣ, балки минтақавӣ низ фурӯхта мешавад.
Аз меъёри иқлимӣ баланд. Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи якуми тобистон
Омодагии Доғистон ба бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ба нишасти ИА - Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон меравад
Тағйироти кадрӣ. Эркин Раҳматуллоев ба нафақа рафту ду муовини вазир сафир шуданд
Боздошти нафаре, ки духтури Беморхонаи “Истиқлол”-ро латукӯб кард
Тоҷикистон ба Боку ва дигар кишварҳо хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ боз кард. Билетҳо чанд пуланд?
Аз 9,5 то 11,5 сол. Ҳукми подполковник ва 5 сарбози пешин барои латукӯби наваскарон
Оё Тоҷикистон метавонад худро бо равғани растанӣ таъмин кунад?
Сабрина Зуҳурова барои муаррифии Тоҷикистон ба ҳафтаи мӯди Париж даъват шуд
Дар Душанбе қабули муҳоҷирон барои супоридани имтиҳон аз забони русӣ оғоз шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста