Ҷасади ду тифли дигаре, ки бар асари садамаи нақлиётии пурсарусадо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар дарёи Вахш ғарқ шуда буданд, пайдо ва ба хок супорида шуданд.
Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки ҷасади Барнои 6-сола ва Фаридуни 4-соларо ҳам ахиран аз дарёи Вахш пайдо карда, ба хонаводаашон супоридаанд, то ба хок супоранд.
Бояд гуфт, ки дар пайи ин садама, ки рӯзи 21-уми июл рух дод, дар маҷмӯъ 6 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.
Аз ҳалокшудагон 5 нафарашон узви як хонавода будаанд.
Онҳо Тухтарой Мустафоқуловаи 65-сола, Бибизайнаб Гулмирзоеваи 26-сола, Барно Юлдошеваи 6-сола, Фаридун Юлдошеви 4-сола ва Лайло Юлдошеваи 1-сола будаанд.
Ҳамин тавр, ронандаи нақлиёт Диловар Давлатов дар пайи ин садама ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ронанда ва се тани дигар қаблан ёфт шуда ва ба хок супорида шуда буданд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур – Ҷӯрабек Менгиқулов ва Ҳусейн Менгиқулов, сокинони ноҳияи Ёвон дар пайи ин ҳодиса ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 21-уми июл бар асари ба дарё сарозер шудани як мошин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ронанда ва 5 тан аз мусофиронаш ба ҳалокат расиданд. Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин садама бо шарҳи ин ки он бо таъқиби маъмурони БДА рух додааст, нашр шуд.
Бо гузашти чанд рӯз аз ҳодиса, Вазорати корҳои дихилии Тоҷикистон дар пайи таъқиби кормандони БДА ба дарё афтодани мошин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро рад кард.
Ҳамин тавр, рӯзи 26-уми июл муовини додситони вилояти Хатлон Валӣ Ваҳҳобов зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки “ҳодисаро айни замон прокуратураи вилоят таҳқиқ дорад”.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста