Зани шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон ҳамроҳи писараш дар меҳмонӣ назди модараш қарор дошт. Вақте ӯ мебинад, ки писарчаи сесолааш ҳангоми ба тӯри тиреза такя кардан ба берун меафтад, дарҳол аз паси ӯ худашро низ ба замин мепартояд. Дар ин бора АН «Оперативное прикрытие» хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар яке аз хонаҳои кӯчаи Миллионная рух додааст. Бар асари ба замин афтодан модару писар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарии беморхона бистарӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти рӯзноманигорон, зани шаҳрванди Тоҷикистон дар қайди муҳоҷират қарор дошта, дар ширкати баровардани партовҳо кор мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.