Бар асари як садамаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе зани роҳрӯб Қурбонгул Абдуллоеваи 38-сола ба ҳалокат расид.

Тавре ки Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин ҳодиса соати 23:30 дақиқаи рӯзи 22 июн дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Hyundai Starex», сокини шаҳри Ҳисор Фарҳод Сафарови 31-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада Қурбонгул Абдуллоев, коргари МД истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синоро бо мошинаш пахш мекунад”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, бар асари ҷароҳатҳои бардошта дар ин садамаи нақлиёт зани роҳрӯб дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда - Фарҳод Сафаров тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъоляти муайян  ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.