Дар пайи сӯхтор, ки шаби 1-уми июли соли 2024 дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и вилояти Хатлон рух дод, чор нафар ба бемористон муроҷиат кардаанд ва баъди кӯмаки аввалия ба хона рухсат шудаанд. Аммо бозор қариб пурра сӯхтааст.

Аз наворҳое, ки шоҳидони ҳодиса аз макони сӯхтор дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор карданд, дида мешавад, ки оташ қариб тамоми бозорро фаро гирифтааст ва оташхомӯшкунон бо он мубориза мебаранд.

Аз қисми навбатдории Раёсати оташнишонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки оташ қариб тамоми бозори марказии ноҳияи Ҷайҳунро фаро гирифтааст.

“Ҳарчанд бозор қариб пурра сӯхтааст, аммо мағозаҳои гирду атрофи он камтар зарар дидаанд”, - гуфтанд аз Раёсати оташнишонии вилояти Хатлон.

Ба қавли манбаъ, ҳоло сабаби сӯхтор, масоҳати он ва зарари аз он расида ҳисоб мешавад. Барои ин комиссияи махсус ташкил шудааст.

Дар беморхонаи ноҳияи Ҷайҳун тасдиқ карданд, ки дар пайи сӯхтор чор нафар ба онҳо муроҷиат карда, пас аз кӯмаки аввалия ба хона рухсат шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки дар аксар ҳолат риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.