Хисороти сӯхтори бозори ноҳияи Ҷайҳун тахминан 10 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст ва дар ин оташсӯзӣ беш аз 600 соҳибкори тоҷик зарар дидааст. Масъулин мегӯянд, ки ин бозор бо шароити замонавӣ аз нав бунёд карда мешавад ва то он муддат ҳама тоҷирони зарардида аз пардохти андоз озод гардидаанд.

Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ ин сӯхтор ба 611 мағоза зарар расонидааст ва хисороти он пеш аз 10 миллион сомонӣ пешгӯӣ мешавад.

“Қисме аз соҳибкорон дар оғози оташгирӣ тавонистанд ҳудуди 60 фисади молу колояшонро аз мағозаҳо берун бароранд. Бо ин вуҷуд, соҳибкорони бозор зарари зиёди молӣ диданд”, - гуфт раиси ноҳияи Ҷайҳун.

Ӯ афзуд, ки шаби сӯхтор бо кумаки кормандони милитсия тавонистаанд, атрофи бозорро печонида маҳкам кунанд, то шаҳрвандону соҳибкорон вориди бозор нашаванд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, дар пайи ин оташсӯзӣ ягон нафар ҷон набохтааст.

Сабаби ин сӯхтор дар бозори Ҷайҳун расиши ноқилҳои барқ гуфта мешавад. Гуфта мешавад, ки сӯхтори мазкур аз расиши симҳои кондитсионер дар як дӯкони фурӯши либосҳои занона сар задааст.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун гуфт, “бо қувваи худи ноҳия имрӯз бозорро аз боқимондаҳои коло ва масолеҳи сохтмонии сӯхта тоза карда истодаем. Бозори марказии ноҳия дар мувозинаи “Тоҷикматлубот” аст. Имрӯз мо бо намояндагони ин ташкилот вохӯрӣ доштем, ваъда карданд, ки бозорро аз нав ва мувофиқ бо шароити муосир бунёд мекунанд”.

Имтиёзҳо ба соҳибкорони зарардида

Фирдавсӣ Одинахоҷа, сардори нозироти андози ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, 611 нафар соҳибкоре, ки дар ин сӯхтор зарар дидаанд, то пурра барқарор шудани нуқтаҳои савдояшон аз пардохти андоз озод мешаванд.

1/6

“Моҳона аз ин бозор 508 ҳазор сомонӣ андоз ва ҳудуди 250 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоӣ ё фонди нафақа ба буҷа ворид мешуд. Ҳоло дар пайи ин оташсӯзӣ аз соҳибкорон андоз ситонида намешавад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ғайр аз ин, пешбинӣ мешавад, ки муҳлати қарзи соҳибкорони дар ин офат зарардида тамдид шавад.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода гуфт, ки ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун ба номи раиси вилояти Хатлон мактуб ирсол карда, хоҳиш намудааст, ки барои тамдиди қарзи соҳибкорон аз бонкҳои давлатӣ мусоидат кунанд.

“Соҳибкоронеро, ки имкон доранд, фаъолияташон идома диҳанд, дар маконҳои мувофиқи бозори марказии ноҳия ҷой карда истодаем. Мо ҳама кӯшишро ба харҷ медиҳем, то дар ин рӯзҳои вазнин ба соҳибкорон кумаки бевоситаи хешро расонем”,- таъкид кард Одиназода.

Ёдовар мешавем, ки тахминан соати 22:00-и шаби 1-уми июл дар бозори Ҷайҳун сӯхтор сар зада, дар муддати кӯтоҳ тамоми бозорро фаро гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.