Ҷасади як сокини ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз шаш моҳи гум шудан, аз дарё пайдо шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ менависад, ки Барақбоев М. сокини 67-солаи деҳаи Ямчуни ҷамоати Питупи ноҳияи Ишкошим ва соҳиби 6 фарзанд буд. Ӯ корманди шифохона буда, рӯзи 4-уми июни соли 2024, баъди кор лаб - лаби рӯдхона ба манзилаш мерафта, вале бедарак гаштааст.
КҲФ гуфтааст, ки гум шудани ин мард ҳамаро ба ташвиш оварда буд.
Ба гуфтаи манбаъ, баъди кофтукови такрорӣ мақомот рӯзи 14-уми декабр ҷасади ин мардро пайдо карда, ба пайвандонаш супурдаанд.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ҳар сол даҳҳо нафар бо сабабҳои гуногун дар дарёҳо ғарқ ва ба ҳалокат мерасанд. Тибқи иттилоъи КҲФ танҳо дар 6 моҳи соли 2024 бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 86 нафар ба ҳалокат расиданд.
Чанде пеш низ дар шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, ронандааш нопадид гаштааст. Мақоомт гуфта буданд, ки ронанда 54-сол дошта, сокини деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон буд. Гуфта мешуд, ӯ ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Пиш ба сӯи деҳаи Даштак идораи автомашинаи тамғаи "Танген"-ро аз даст дода, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Наҷотдиҳандагон маълум кардаанд, ки танҳо дар мошин худи ронанда қарор доштааст, вале ӯро пайдо накардаанд.
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
“Коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд”. Муфтии Тоҷикистон гуфт, кӣ метавонад рӯза нагирад
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Як созмони байналмилалӣ ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодиашро талаб намуд
Ҷасади ронандаи зери тарма мондаро як рӯз баъд пайдо кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста