Душанбе. 28-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Шаҳрвандони Тоҷикистон аз амалиёти террористии дирӯза дар Мумбай зарар надидаанд. Дар ин бора раҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод.

            Ба иттилои манбаъ, сафорати Тоҷикистон дар Деҳлӣ бо ҳукуматдорони Ҳиндустон ҳамеша дар робита қарор дорад. «Тибқи маълумоти расида, миёни ҷабрдидагон аз амалиёти террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд», - гуфт Д.Назриев.

            Ёдрас мекунем, ки дирӯз бар асари амалиёти террористии густарда дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон беш аз 100 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 1000 нафар захмӣ шуданд ва террористон айни замон даҳҳо кормандони меҳмонхона ва муштариёни онро ба гарав гирифтаанд. Террористон тақозо доранд, ки ҳамаи муҷоҳидон аз маҳбас озод карда шаванд.