Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, яке аз рӯҳониёни маъруфи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки ӯ комилан ҷонибдори қарори ҳукумат дар бораи манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия аст. «Аммо ман қотеъан муқобили онам, ки салафияҳо чун аъзои ҳизби манъшудаи ифротгаронаи «Ҳизб-ут Таҳрир» мавриди ҷазову таъқиб қарор бигиранд, зеро то кунун онҳо ба ягон амали ғайриқонунӣ даст назадаанд», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ, бартарияти дигари ин қарор дар он ифода меёбад, ки «акнун шахсони ба ҷараёни «Салафия» гаравида оқибат дарк хоҳанд кард, ки роҳи нодурустро интихоб кардаанд». «Охир он мафкураи воридотӣ аст, ки метавонист минбаъд ба таъмини амнияти миллии ҷумҳурӣ хатар эҷод созад», - изҳор дошт ӯ.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бар ин назар аст, ки дар баробари ҷараёни «Салафия» фаъолияти як қатор ҷараёнҳои тозаи динии аслан аз Аврупои Шарқӣ таҳмилшударо низ мебояд мамнӯъ сохт.