Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз се ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре аз Вазоарти умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар натиҷаи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Кӯлоб шаҳрванд Алӣ Исҳоқов бо тақрибан 22 кило нашъа, дар ноҳияи Қубодиён шаҳрванд Тугмашо Суробов бо беш аз 2 кило ҳероин ва 610 грамм нашъа ва дар ноҳияи Спитамен шаҳрванд Абдусалом Раззоқов бо ҳудуди 3 кило ҳашиш боздошт шуданд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.