Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамтоҳои русиягии худ перомуни ҳодисаи ғоратгарӣ дар Маскав маълумоте нарасидааст ва аз ин рӯ, дар ин хусус мо чизи саҳеҳе гуфта наметавонем, - хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди ВКД-и ҷумҳурӣ Тоҳир Норматов.
«Мо дар бораи ин ҳодиса аз ВАО-и Русия огоҳ гаштем ва иштироки шаҳрвандони кишвари мо дар ҷиноятҳои дар қаламрави Русия содирмешуда нигаронкунанда аст», - гуфт ӯ.
Норматов таъкид сохт, ки рӯзҳои наздик мақомоти ҳифзи ҳуқуки Русия онҳоро аз ҷузъиёти ин ҳодиса огаҳ хоҳанд сохт.
Ташвиши як манбаъи дигар аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, дар он аст ВАО-и Русия чӣ гуна ба таври фаврӣ ва пурсарусадо аз ин ҳодиса хабар доданд. «Субҳи имрӯз аз замони боздошти гурӯҳ 72 соат сипарӣ мешавад ва мо дақиқан хоҳем фаҳмид, ки чанд нафар боздошт шудаву оё шаҳрвандони мо ба ин ҳодиса муносибат доранд ё на?», - зикр кард вай.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли гузашта дар қаламрави Русия аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон 150 ҳодисаҳои ғоратгарӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ 0,61% аз шумори умумии 24,5 ҳазор ҳодисаҳои ғоратгарии соли гузашта дар Русияро ташкил медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3-юми июл хабаргузориҳои Русия иттилоъ доданд, ки дар шаҳри Маскав ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ 19 нафар боздошт шуданд, ки 17 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон, як нафар шаҳрванди Озарбойҷон ва як нафар шаҳрванди Русия мебошанд. Як гурӯҳи ғоратгарон ба анбори воқеъ дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Маскав ворид гардида, бо таҳдиди яроқ посбонони анборро мебанданд ва сипас кӯшиш мекунанд, ки маҳсулоти мавҷуда дар анборро ғорат намоянд, вале кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, онҳоро дастгир мекунанд. Аз боздоштшудагон норинҷаки худсохт, таппончаи «Оса», се тир ва 1,52 грамм героин мусодира шудааст.
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷик дар Амрико. Пулис номи гумонбарро эълон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста