Дар остонаи фарорасии Соли нави мелодӣ кормандони милиса ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани далелҳои фурӯши ғайриқонунии маснӯоти пиротехникӣ мунтазам рейдҳо мегузаронанд.

Рейдҳо дар доираи амалисозии супориши мақомоти раҳбарии ВКД ҶТ ва қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1999 дар бораи манъ кардани ворид ва фурӯши маводи пиротехникӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ доир мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл сокини 44-солаи ноҳияи Шаҳритӯс боздошт шудааст, ки дар манзили зисташ 284 адад маснӯоти пиротехники истеҳсоли Чин дарёфт ва мусодира гардидааст.

«Ҳамчунин дар бозорҳои шаҳри Душанбе ҳафт далели фурӯши ғайриқонунии чунин мавод ошкор гардида, дар натиҷа аз савдогарони бевиҷдон ҳудуди 5 ҳазор адад маснӯоти пиротехникӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 26-уми декабр кормандони шӯъбаи БДА РКД-и шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Мерседес» таҳти идораи сокини ноҳияи Рашт Дилшод Абдуллоевро боздошт намуда, зимни азназаргузаронӣ аз дохили он 28 ҳазору 800 адад маснӯоти пиротехникӣ мусодира кардаанд.

«Нисбат ба ҳамаи фурӯшандагон ва паҳнкунандагони маснӯоти пиротехникӣ парвандаҳои маъмурӣ боз шуданд», - таъкид карданд дар ВКД.

Дар ҳамин ҳол, дар остонаи фарорасии Соли нави мелодӣ шурӯъ аз 30-юми декабр кормандони милиса ба низоми пурзӯри адои хизмат мегузаранд. Бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ гурӯҳҳои иловагии милиса кӯчаву хиёбон ва макони ҷамъшавии оммавии мардумро назорат хоҳанд кард.