Кормандони милиса шаби фарорасии Соли нав беш аз 35 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 31-уми декабр дар ноҳияи наздимарзии Шӯрообод ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир П.Е.-и 32-солаи бекор боздошт гардида, зимни кофтукови шахсии ӯ 8,5 кило маводи мухаддири бангдона ва аз манзили шахсиаш боз 27 кило чунин навъи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Муайян карда шудааст, ки боздоштшуда ин миқдор маводи мухаддирро аз ду сокини маҳаллӣ дастрас кардааст, ки яке аз онҳо ҷангалбони хоҷагии ҷангали «Дашти Ҷум» мебошад.
Ба иттилои манбаъ, чанд рӯзе пеш бо як миқдор маводи мухаддири героин роҳбалади қатораи мусофирбари «Душанбе-Маскав» О.Н. боздошт шудааст. «Ҳангоми кофтукови бағочи дастии ӯ ҳудуди 5 кило героин дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар вазорат ва афзуданд, ки ҷиҳати муайян кардани дигар шахсони дар ин ҷиноят дастдошта чораҳо андешида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 1,9 тонна маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки аз ин миқдор 131,5 килояшро афюн, 236,5 килояшро героин ва боқимондаро маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис ташкил медиҳанд.
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатии дурӯза ба Қирғизистон меравад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста