Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сардори гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён Абулхайр Мӯъминовро ба гумони баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ба ҳабс гирифтанд.

Як манбаъ аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» ин иттилоъро тасдиқ кард, вале аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ намуд.

Гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, дар ноҳияи Қумсангир воқеъ буда, равуои шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиётро тавассути пул дар дарёи Панҷ назорат мекунад.