Тайи чанд соли ахир бори нахуст дар вилояти Суғд ҳукми эътирофи бегуноҳӣ содир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, бегуноҳии соҳибкор Амон Абдуллоев эътироф шудааст. Соли 2010 нисбат ба ӯ мутобиқи моддаҳои 245, қ. 4 (Азхудкунӣ ё камомад) ва 323 (Сохтакории хизматӣ) ва ҳамчунин барои дуздии амволи КВД «Заря Востока»-и шаҳри Табошар (феълан ш. Истиқлол) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Суди шаҳри Табошар Абдуллоев ва боз се нафар кормандони корхонаи «Заря Востока»-ро дар азхудкунии амволи корхона ба маблағи 3 ҳазору 800 сомонӣ гунаҳкор дониста, бо истифода аз қонунии афв аз ҷазо озод намуд.

Ба гуфтаи Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Абдуллоев, моҳи июли соли равон суди ноҳияи Ҷаббор Расулов бинобар сабаби дар амалҳои айбдоршаванда ҷой надоштани аломатҳои ҷиноӣ Абдуллоевро бегуноҳ эътироф намуд. Прокурори ноҳияи мазкур ба ин ҳукм эътироз овард, аммо бо таъиноти ҳайати мушовараи кассатсионии суди вилояти Суғд ҳукми бегуноҳӣ бетағйир гузошта шуд. «Тайи 6-7 соли ахир ин нахустини ҳукми эътирофи беганоҳӣ дар вилоят мебошад», - гуфт ӯ.

Ба гуфти номбурда, солҳои 90-ум Абдуллоев бо харҷи якчанд миллион сомонӣ аз ҳисоби шахсии худ як пуле дар болои Сирдарё бунёд карда, айбдоркунии ӯ барои дуздии 3 ҳазору 800 сомонӣ бемантиқ аст.