Як сокини вилояти Суғд ба қатли се нафар гунаҳкор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Сғд сокини 21-солаи ноҳияи Зафаробод Қувондиқ Иноятовро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор донист.

Маҳкумшуда дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Куштани ду шахс ё бештар аз он ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст), 244, қ. 1 (Дуздӣ) ва 255, қ. 1 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк)-и КҶ муттаҳам дониста шуд.

Ҷинояти мазкур шаби 18-уми июли соли равон содир гардида, вале ба ШВКД баъди панҷ рӯз дар бораи он хабар расид. Фоҷеа дар манзили нафақахӯри 66-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдусалом Сайфуддинов ба вуқӯъ пайваст. Ӯ ба коргарон манзили зисташро барои хуфтухоб пешниҳод карда буд ва маҳз яке аз ин коргарон пас аз истеъмоли шароб бо соҳибхона ба куштори се нафар даст задааст.

Ҳукми суд ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, аз болои он имкони шикоят бурдан мавҷуд аст.