Маҳбусони муассисаи ислоҳии № 4-и воқеъ дар маҳаллаи Советскийи шаҳри Душанбе тавассути телефон аз лату кӯби маҳкумшудагон хабар доданд.

«Шаби гузашта маҳкумшудагон Фарҳод Шамсиев, ки пас аз се моҳ озод мешавад ва зиндонии маъюб Шуҳрат Қурбонов мавриди лату кӯб қарор гирифтанд», - иттилоъ доданд ба ОИ «Азия-Плюс» шоҳидони ҳодиса.

Ба қавли онҳо, Шамсиев барои изҳори норозигӣ аз санҷишҳои зиёд сари ҳар 20 дақиқа то беҳуш шудан мавриди лату кӯб қарор гирифта, сипас ба қиси тиббӣ бурда мешавад ва маҳбусони хабардода дигар ӯро надидаанд.

«Маҳбус Шуҳрат Қурбонов барои он лату кӯб шуд, ки ба модараш расонидани мактубро дархост намуд, зеро модараш ба дидори ӯ омада буд, вале дидорро иҷозат надоданд», - гуфтанд онҳо.

Ҳамчунин зикр гардид, ки пас аз ҳодиса ба муассиса кормндони прокуратураи назоратӣ омадаанд ва маҳбусон аз эҳтимол дур намедонанд, ки ташрифи онҳо ба ин ҳодиса рабт дорад. Ғайр аз ин, рӯзи душанбеи ҳафтаи равон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлия Иззатулло Шарифов низ ҳамроҳ бо намояндагони прокуратура аз ин муассиса боздид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Илҳом Маҳмудов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ташрифи кормандони прокуратураи назорати ба муассисаи мазкурро тасдиқ намуда, вале изҳор кард, ки ӯ аз мақсади ташрифи онҳо огоҳ нест. «Танҳо гуфта метавонам, ки дар муассисаи № 4-и пойтахт вазъ ором буда, ҳеҷ кадоме аз маҳбусон лату кӯб ё шиканҷа нашудааст ва ман дар ҳайратам, ки чаро дар матбуот ҳамарӯза ин қадар маълумоти носаҳеҳ пайдо мешавад», - гуфт номбурда.