Имрӯз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбати Кумитаи телевизиону радиоро рад кард. Ҳамчунин шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо» низ ҳамҷавобгар мебошанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати ҲНИТ хабар дод, ин қарор дар ҷаласаи судӣ таҳти раёсати муовини аввали раиси суд Ҳафиз Темуров қабул шуд. Қарори худро суд чунин маънидод кардааст, ки барномаҳои телевизионие, ки дар онҳо гузоришҳои алайҳи фаъолияти ҲНИТ намоиш дода шуданд, аз ҷониби журналистон шабакаҳои давлатӣ омода нагардидаанд.

Ба андешаи мақомоти судӣ, ин барномаҳо бо кӯшиши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва пахш шудаанд. «Пас аз дастрас шудани қарори расмии суди ноҳия, мо аз болои он ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳем бурд», - зикр кард Б.Ёров.

Ҷаласаи аввали судӣ оид ба баррасии ин даъво 8-уми октябри соли равон дар ҳамин суд доир гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 19-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон алайҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ барои «фаъолиятҳои сиёҳкунанда» бар зидди ин ҳизб ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат кард, ки «ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ»-ро қатъ намуда, аз он расман узр пурсад.