Суди шаҳри Душанбе санаи 6 октябр адвокатҳо Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Бузургмеҳр Ёров мутобиқи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ); 307, замимаи 1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 340 (Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо) гунаҳкор эътироф карда шуд.

Суд ҳамчунин оид ба мусодираи амволи Бузургмеҳр Ёров - бӯстонсаро дар ноҳияи Рӯдакӣ ва автомашинаи шахсии ӯ низ қарор содир намуд.

Адвокат Нуриддин Маҳкамов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ) ва 307, замимаи 1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳкор эътироф гардид.

Ҳарду адвокат ҳамчунин ба муддати панҷ сол баъди озод шудан аз зиндон аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шуданд.

Пайвандону наздикони Ёров ба ин ҳукми суд норозӣ буда, аз болои он шикоят бурданианд. Рӯзи 3 октябр дар сухани ниҳоии худ Ёров аз судя Асадулло Бобохонзода дархост намуда буд, ки ӯро бегуноҳ эътироф карда, озод намоянд.

Рӯзи 27 сентябр зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор карда буд, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст».

Қобили зикр аст, ки Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябри соли 2015 дар дафтари кории коллегияи адвокатҳои «Сипар» боздошт шуда, он замон ба ҳимояи манфиатҳои 7 узви боздоштшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.

Адвокат Нуриддин Маҳкамов охири моҳи октябри соли гузашта ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд. Ӯ низ корманди коллегияи адвокатҳои «Сипар» буд. То замони боздошт Маҳкамов ният дошт, ки ба ҳимояи манфиатҳои ҳамтои боздоштшудаи худ пардозад, вале барои ин кор иҷозатнома дастрас карда натавонист.