Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд М.Бутаевро барои талоши пайвастан ба сафҳои созмони террористии «Давлати исломӣ» ба 12,5 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, ӯ мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва моддаи 400.1 (Зархаридӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф шудааст.

Гуфта мешавад, маҳкумшуда ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Самараи Русия қарор доштанаш, тавассути шабакаи интернетии “Зелло” дар барномаи “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ” бо “Муҳаммад Муовия” ном узви фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии бо ном “Давлати исломӣ” робита  барқарор намуда, даъвати ӯро оиди сафар ба Сурия ҷиҳати пайвастан ба сафи ҷангиёни ин созмон пазируфтааст.

«“Муҳаммади Муовия” барои  М.Бутаев чиптаи электронӣ барои парвоз бо ҳавопаймо  тавассути хатсайри “Самара-Москва-Кишинёв-Истамбул” харида, номбурда 27 декабри соли гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Самара ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймои хатсайри “Самара-Москва” аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва ихтиёри Тоҷикистон дода шудааст», - омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.