Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералиро барои лату кӯби корманди милитсия ба 5 соли зиндон маҳкум намуд.
Суд Диловар Гулови 26-сола ва чор нафар ҳамроҳони ӯро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 237, қ. 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошие, ки бо истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда содир шудааст) гунаҳкор эътироф намуд, хабар дод як манбаъ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Онҳо ба он айбдор дониста шуданд, ки корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон Дилшод Нарзуллозодаро лату кӯб карданд.
Муноқиша миёни афсари милитсия ва Диловар Гулов шоми рӯзи 8 июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст. Афсари милитсия мошинро боздошта, ба Гулов эрод мегирад, ки ӯ барои ҳаракати ронандагони дигар монеъа эҷод карда истодааст ва барои ин эродаш лату кӯб мешавад.
Пас аз муноқиша Гулов пинҳон шуда, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд, лекин рӯзи дигар худаш барои додани баёнот ба милитсия омад. Баъди бозпурсӣ таҳти баёноти тарк накардани манзил ӯ ҷавоб дода шуд.
Корманди милитсияи латукӯбшуда бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна ба Маркази миллии тиббӣ оварда шуд. Бинии афсари милитсия шикаста, косахонаи сар ва манаҳаш ҷароҳат гирифта буд.
Рӯзи 20 июл Гулов ва чор нафар дӯстонаш боз ба ҳабс гирифта шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Дар Душанбе як духтар фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста