Ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия то моҳи август ба ҳабс гирифта шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, замони даст задан ба ҷиноят ҳамаи онҳо машруботи зиёд истеъмол карда, хеле сархуш будаанд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, санаи 10 июн дипломатҳои тоҷики муқими шаҳри Маскав бо боздоштшудагон вохӯрда, онҳо ба гуноҳашон иқрор шудаанд.

“Васоити хабори умуми Русия дар бораи боздошти 6 нафар хабар медиҳанд, лекин аз рӯи ин далел бо қарори суди Маскав ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки синнашон аз 23 то 29-соларо ташкил медиҳад, то 8 август ба ҳабс гирифта шудаанд. Ҳамаи онҳо зодагони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мебошанд”, - таъкид дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ояндаи наздик сафорати Тоҷикистон аз рӯи ин далел иттилоияи расмӣ нашр мекунад.

Бино ба маълумоти ТАСС, бо қарори суд Рустам Аминов, Меҳроҷ Аловадинзода, Фаридун Сафаров, Неъматҷон Бобоев, Мирзошавкат Туфалангов ва Фирӯз Сафаров ба муҳлати наздики ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор хоҳанд дошт.

Тавре «Вести» хабар медиҳад, танҳо дар як парки Южное Бутово боздоштшудагон 40 дона шиша оби ҷав (пиво) истеъмол кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.