Дар пайи шикоятҳои сокинони пойтахт ба Раёсати ВКД дар Душанбе, ҳашт нафар ронандагон барои дар ҷойҳои манъшуда барои таваққуф гузоштани автомашинаҳои худ ҷарима шуданд.

Дар дафтари матбуоти Раёсат қайд мекунанд, ки муроҷиат ва дархостҳои шаҳрвандон ба таври оҷил мавриди баррасӣ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода мешавад

“Санҷишҳо нишон доданд, ки дарвоқеъ ин ронандагон автомашинаҳои худро назди тарабхонаву мағозаҳо, дар роҳи пиёдагузар болои сафолакҳои ороишӣ ва дигар ҷойҳои манъшуда гузошта, ба равуои шаҳрвандон ва дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд”, - хабар медиҳад милитсияи пойтахт.
1/7

Таҳлилҳо ва аксҳои ирсолкардаи шаҳрвандон нишон додааст, ки аксари чунин қоидавайронкунии дағали роҳ дар хиёбони марказии пойтахт ба чашм мерасад. Ҳол он ки ҳамарӯза аз ин макон садҳо нафар меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гузашта, ба фарҳанги шаҳрдории мо баҳо медиҳанд.

“Нисбат ба соҳибони ин автомашинаҳо тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ба ҷуз пардохти ҷарима, онҳо барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуданд”, - омадааст дар маълумот.

Зимнан аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш шудааст, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ шудан, тавассути суроғаҳои электронии [email protected], саҳифаи расмии Раёсат  дар Facebook «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» муроҷиат кунанд ё бо телефони (+99237) 221-15-00 дар тамос шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOKGoogle Новости бо мо бимонед.