Сармуҳандиси муассисаи давлатии “Хоҷагии манзилии коммуналӣ ва сохтмон” дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо ҷурми қаллобӣ дастгир карда шуд.

Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Абдусалом Сайдаҳмадов дар давраи фаъолияти корияш бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Саидҷон Саидмуродов барои аз ҳудуди заминҳои Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат ҷудо карда додани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар се ҳолат ҷамъ маблағи 2000 доллари ИМА ва 15000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Ӯ бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ба шаҳрванд Саидмуродов зарари калони моддӣ расонидааст.

Аз рӯйи ин далел нисбат ба Абдусалом Сайдаҳмадов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.