Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ба далели хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 таҷлили Соли нави мелодии 2021-ро дар кишвар манъ кард.
Дар қароре, ки ин Ситод содир кардааст гуфта мешавад: “Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шавад”.
Ин Ситод ҳамаи шаҳрвандонро бори дигар ба риояи қоидаҳое беҳдоштии инфиродиву ҷамъӣ даъват карда, гуфтааст, ки машварату тавсияҳои табибонро қатъан риоя кунанд.
Дар қарори Ситод сайругашти мардум дар боғҳои тафреҳӣ ва гулгашту хиёбонҳо танҳо бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, доштани ниқобҳои муҳофизавӣ ва риоияи қатъии фоисалаи иҷтимоӣ иҷозат дода шудааст.
Ситод Вазорати тандурустиву Вазорати корҳои дохилиро муваззаф кардааст, ки бо ҳукуматҳои маҳаллӣ “масъалаи бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд”.
Ҳамчунин аз Вазорати корҳои дохилӣ хоста шудааст, ки барои пешгирӣ фаъолияти нозирони минтақавиро тацвият диҳаду чораҳои иловагӣ биандешан.
Дар ин қарор бори дигар аз вазоратҳои тандурустӣ ва илму маориф назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар боғчаву мактабу донишгоҳҳо талаб шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Номи ҳамаша намедонам”. Сокинон то куҷо аз ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо дар интихоботи парлумонӣ огоҳанд?
Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко
Ронандаи автобус аз Тоҷикистон, ки дар Русия бо нақлиёти зери идорааш ба дарё афтода буд, ҷарима шуд
“Арзон ва бехатар”. Чаро дар Душанбе бунёди гузаргоҳи рӯйизаминӣ маъмул нест?
Таъмири теппаи “Қӯрғон” то ҳол оғоз нашудааст. Раиси КҲФ аз ин теппаи садамавӣ боздид кард
Озмун барои кор дар Арабистони Саудӣ. Кай, дар куҷо ва барои кӣ баргузор мешавад?
Роҳи Душанбе-Чаноқ беш аз 5 соат боз баста аст
Озодии блогери тоҷик дар Русия баъд аз як соли боздошт
Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ нав шудааст
Футболбози тоҷик Хусрав Тоиров дар “Черноморетс”-и Украина бозӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста