Марди 36-солаи ноҳияи Ҳисор, ки  дар гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт ба дуздӣ машғул буд, боздошт шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ин мард рӯзи 13-уми декабри соли равон аз ноболиғи 17-сола ҳангоми дар гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи 82-юм, кӯчаи Н.Махсуми пойтахт қарор доштанаш, тариқи зуроварӣ аз ҷайби болопӯшаш  1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми Нот-8”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино оид ба ҳодисаи мазкур модари ноболиғ  бо ариза  муроҷиат намудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ҷинояти мазкурро марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор, ки пеш 3-маротиба бо моддаҳои 248 қисми 2, 247 қисми 2 ва 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.

Инчунин номбурда, санаи 19-уми декабр ҳангоми дар назди роҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии пойтахт қарор доштани зани 39-солаи сокини ҳамин ноҳия бо тариқи зуроварӣ ва ошкоро ба ӯ ҳамла намуда, мехостааст ҷувздонашро тасарруф кунад, аммо ба мақсадаш нарасида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зикр мегардад, ки айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.